Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

Бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиӣ дар толори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши тарбиявии маърифатӣ баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО/БПНМ ва маъракаи “16 рӯзи амал алайҳи хушунат ва пешгирии зӯроварӣ дар оила” бахшида шуд.

Дар доираи ҳамоиш аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳои илмӣ, маърифатӣ ва иттилоотӣ ироа гардида, масоили марбут ба пешгирии паҳншавии ВНМО/БПНМ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Бо мақсади таҳкими таъсири тарбиявӣ саҳнаҳои тарғиботӣ намоиш дода шуданд, ки паҳлӯҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии мавзуъро инъикос менамуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки аз суруди ватандӯстона ва рақси донишҷӯён иборат буд, ба ғановати барномаи ҳамоиш ва болидагии рӯҳияи иштирокдорон мусоидат намуд.

Дар қисми ҷамъбастии ҳамоиш муовини директор оид ба тарбия Муталиб Маҳмудзода суханронӣ намуда, зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули муҳити оилавии бидуни хушунатро таъкид кард.