Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки дар пайроҳаи рушду тараққиёт устуворона қадам бинҳода истодааст, баҳри нумӯи соҳаи маориф, ҳалли масоили дар ин ҷода ҷойдошта аҳамияти хосса зоҳир карда, чораҳою тадбирҳои мушаххас меандешад. Ин нуқта борҳо дар паёму суханрониҳои Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мавриди зикр қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бо камоли хирадмандӣ иброз доштаанд, ки агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд ба дастҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Инчунин, дар паёми навбатии худ Пешвои Миллат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар муассисаи таълимӣ, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд.
Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид.
Барҳақ, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба нерӯи зеҳнию созандаи ҷомеа, тамаддуну тафаккури он вобаста буда, маҳз зиёиён офарандагони фардои ободанд. Саҳми мактабҳои олӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ баҳри ба амал татбиқ намудани ин сиёсати пешгирифтаи давлат басо назаррас аст. Зеро, миллат ва давлати тоҷикон танҳо бо фарзандони донишманду соҳибмаълумот, ватандӯсту хештаншинос, фарзонаву оқили худ метавонад дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо кунад. Ин вазифаи пурмасъулият, яъне тарбияи ашхоси сазовору арзандаи миллат бар зиммаи макотиби миёнаву олӣ, омӯзишгоҳҳою коллеҷҳост.
Бо дарки амиқи ин нуқтаҳо Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд” ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, баҳри ташаккули соҳаи маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ба ин васила барои тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми басо назаррас дорад.
Коллеҷи омӯзгорӣ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф, аз қабили математика, информатика, таърих, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ӯзбекӣ, забони англисӣ, забони русӣ, география, биология, табияи экологӣ, китобхонашиносӣ, тарбияи ҷисмонӣ, технологияи нақшакашӣ, логопедия, таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти томактабӣ муаллимону мураббиёни босаводу кордонро тайёр менамояд. Дар ҳайати коллеҷ чанд кафедраҳо фаъолият мебаранд. Кафедраи математика ва технологияи муосир аз ҷумлаи онҳост, ки дар ҷодаи ғанӣ гардонидани фазои илмию таълимии коллеҷ мақоми хоса дорад.