Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик бо фармони собиқ ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Абдуллоев С. А. аз 8 –уми декабри соли 2000 – ум ташкил ёфтааст.
Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Солеҳбой Кенҷаев буда, роҳи тайкардаю фаъолияти кафедра то ба имрўз бо устод пайваст аст.
Аз моҳи сентябри соли 2008 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муталлибов Р. мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таъин гардид. Дар давоми фаъолияти кории худ устод Муталлибов Р. ба беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия аҳамияти ҷиддӣ дод.
Бо тақозои замон ва шароити онрўзаи таълимгоҳ соли 2010 бинобар ба ду қисм ҷудо шудани кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, Розиқҷон Муталлибовро ба вазифаи мудири кафедраи адабиёт ва усули таълими он гузарониданд ва дар давоми фаъолияти корӣ таҳти сарварии ў омўзгорони кафедра ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардиданд.
Бояд қайд кард, ки баъди ҷудо шудани кафедраи забон ва адабиёти тоҷик мудири кафедраи забони модарӣ ва усули таълими он ба зиммаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муҳаммадиев Ш. вогузошта шуд.
Аз моҳи сентябри соли 2015 кафедраҳои забони модарӣ ва усули таълими он бо кафедраи адабиёти тоҷик ва усули таълими он муттаҳид кунонида мешавад ва минбаъд фаъолияти кафедра таҳти унвони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик сурат мегирад. Кенҷазода М.С. аз рўзи аввали ҳайси мудири кафедра таъин гардидан ҳамаи аъзоёни собиқ ду кафедраро чун олими ҷавон ва чашмикордон роҳбарӣ намуд. Мавсуф кўшиш менамуд, ки омўзгорон на танҳо ба баланд бардоштани савияи дониши худ эътибор диҳанд, балки дар ташкилу гузаронидани корҳои беруназсинфӣ, озмунҳо, олимпиадаҳо, маҳфилҳои фаннӣ, таҷлили санаҳои таърихӣ низ намуна бошанд. Таҳти сарварии ў ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ, вохўрӣ бо олимону шоирон, шахсони барўманди шаҳр, фаъолзанони шаҳру вилоят ба ҳукми анъана даромад.
Муаллимаи калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Раҳимова Мусаббе аз 3-юми марти соли 2017 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таъин гардид ва дар вазифаи мазкур мавсуф то 1-уми сентябри соли 2017 кор кардааст.
Аз 1.11.2017 мудирии кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ба зиммаи сармуаллима Комилова Г. Д. вогузор гардид ва ин вазифаро мавсуф то 1-уми сентябри соли 2018 ба субот расонидааст.
Воқеан Комилова Г.Д. аз рўзҳои аввали фаъолияти корӣ ба ташкили дарсҳо, ҳуҷҷатнигорӣ ва истеъдоду лаёқати омўзгорон диққати ҷиддӣ дода, кўшиш намудааст, ки савияи дониши толибилмон ба дараҷаи баланд бардошта, омўзгорон бештар ба сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва пайваста ба корҳои таҳқиқотӣ машҒул шаванд.
Аз моҳи сентябри соли 2018 муаллимаи калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Муаззама Фозилова мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таъин гардид. Бояд тазаккур, ки дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик теъдоди умумии омўзгорон то 30 нафар расид, ки аз он омўзгорони доимӣ 23 нафар ва 7 нафар ҳамкоронро ташкил медод. Ҳоло шумораи омўзгорони унвондор-дотсентҳои доимӣ 3 нафар, сармуаллимон 6 нафар ва муаллимон 4 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи омўзгорони унвондор-дотсентони ҳамкор 1 нафар аст Бояд қайд кард, ки Турсунова М., Юнусова Д., Комилова Г. ва Ҳайдарова С. дар айни ҳол ҳамчун номзадҳои илмҳои филологӣ ва педагогӣ фаъолият мебаранд. Тайи солҳои охир сафи омўзгорони ба сафи олимон воридшуда меафзояд. Аз ин лиҳоз бо ифтихору сарбаландӣ номи неки онҳоро вирди забон меорем: Турсунова М. дар мавзўи “Хусусиятҳои жанриву услубии ҳикоятҳои атфоли тоҷик”, Юнусова Д. дар мавзўи “Инъикоси муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатӣ дар шеъри муосири кўдакону наврасони тоҷик”, Комилова Г. Д. дар мавзўи “Муносибати инноватсионию фаъолмандӣ ва омодагии донишҷўёни коллеҷҳои омўзгорӣ дар шароити модернизатсияи таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҳайдарова Саноат дар мавзўи “Анъанаҳои адабиёти форсу тоҷик дар эҷодиёти Шўхии Хуҷандӣ” рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намудаанд.