Талаботи рўзафзуни соҳаи маориф тақози дорад, ки дар сохтори муассисаҳои миёнаи касбӣ соли 2018 низ тағйиротҳо ворид гардида буд. Соли 2018, таҳти № 6815 аз 19- уми октябр дар Коллеҷи омўзгори омўзгорӣ ду факултет таъсис ёфт: факултети таърих ва филология ва факултети педагогика ва математика ба фаъолият шурўъ намуд.
Дар факултети таъриху филология кафедраҳои таърих ва ҷомеашиносӣ,забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ шомил гардида буд.
Факултет дорои 4 кафедра ва 6 ихтисос буда теъдоди умумии устодон 61 нафарро ташкил медиҳанд.
-Ихтисоси 2-02 01 01- Таърих;
-Ихтисоси 2-23 01 31 — Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ
-Ихтисоси 2-02 03 01 — Забон ва адабиёти тоҷик;
-Ихтисоси 2-02 03 01 30 — Забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ғайри забони тоҷикӣ;
-Ихтисоси 2-02 03 02 — Забон ва адабиёти рус
-Ихтисоси 2-02 03 06 01 — Забони англисӣ
Дар ташкили факултетҳо мактуби пешниҳодкардаи Вазорати маориф ва идми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Низомномаи факултети муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба эътибор гирифта шуд. Моҳи январи соли 2018 ба вазифаи декани факултети таърих ва филология, номзади илмҳои филологӣ Муталибов Розиқҷон таъин гардида то моҳи октябри 2018 ин вазифаро пеш бурд.
Моҳи октябри соли 2018 ба вазифаи декани факултети таърих ва филология, номзади илмҳои филологӣ Турсунова Моҳира Ҳалимовна таъин гардид.
Турсунова Моҳира Ҳалимовна, 19 июли 1972 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1979 ба мактаби миёнаи № 26-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, соли 1989 мактаби миёнаи « 2-и шаҳри Хуҷандро тамом кардааст. Соли 1989 ба факултети филологияи тоҷикии Институти давлатии педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров дохил шуда, онро 1994 бо ихтисоси омўзгори фанни забон ва дабиёти тоҷик хатм кардааст. Аз соли 2008 дар Коллеҷи омўзгорӣ фаъолият бурда дар соли 2011 кори илмиашро дар мавзўи «Жанри ҳикояи адабиёти кўдакону наврасон дар нимаи дуюми садаи ХХ» бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Н Файзуллоев оғоз кард. Якчанд мақолаҳояшро дар маҷаллаҳои гуногун чоп гардиданд. Ба монанди : «Тасвири ботинии қаҳрамон дар ҳикояиҳои Баҳром Фирўз»- Ахбори ДДБҲСТ; «Мулоҳизаҳо дар бораи жанри ҳикоя ва корбасти он дар насри имрўзаи тоҷик»- Мақоми арзишҳои миллию умумибашарӣ дар шароити ҷаҳонишавии маълумот: нашриёти Меъроҷ, Хуҷанд-2014;(руйхати маколахои чопи)
Санаи 2.05.2018 рисолаи номзадиашро дифоъ намуд.
Масаидова Манзура Шавкатовна, муовини декани оид ба таълим (эдвайзер) аз соли 2016 дар Коллеҷи омўзгорӣ фаъолият мебарад. Соли 2018 ба вазифаи мовини декан оид ба таълим таъин гардид.
Аз соли 1978 то соли 1994 ба шуъбаи рўзонаи факултети биологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров дохил шуда онро дар соли 1984 хатм намудааст. Баъд аз хатми донишгоҳ дар вазифаи омўзгори фанни биологияи дараҷаи олӣ ва ҳамзамон дар вазифаи ҷонишиини директор оид ба тарбия дар мактабҳои миёнаи № 41 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва № 10-и шаҳри Хуҷанд фаъолият бурд. Дар фаъолияти педагогиаш «Маҳфили муҳофизони табиати сабз» ташкил намуд, ки ин маҳфил моҳе як маротиба хело ба завыу табъи баланд гузаронида мешуд.
Аз соли 1994 то соли 2003 фаъолияти худро дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурд.
Аз соли 2003 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Тоҷикистон дар вазифаи сармутахассиси раёсати таълим фаъолият бурд. Дар давоми фаъолияташ бо якчанд дастовардҳо ва мукофотҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷискистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд Қосимҷон Қосимов сарфароз гардид.
Аз соли 2016 Ба Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд ба кор қабул карда шуд ва то ҳол кору фаъолияти худро давом дода истодааст.
Дар факултет миқдори умумии донишҷӯён 668 нафарро дар давраи нимсоли якуми соли таҳсили 2020-2021 то моҳи декабр ташкил медод. Аз онҳо 537 нафар духтар ва 131 нафар писар иборат мебошад. Аз он 426 нафар -(331 нафар духтар ва 95 нафар писар) таҳсили шартномавӣ ва 242 нафар – (206 нафар духтар ва 36 нафар писар) таҳсили буҷавӣ мебошад. Дар охири сол теъдоди донишҷўёни факултет ба 625 нафар аз онҳо 497 нафар духтар ва 128 нафар писар иборат мебошад. Аз он 399 нафар -(312 нафар духтар ва 87 нафар писар) таҳсили шартномавӣ ва 226 нафар – (185 нафар духтар ва 41нафар писар) таҳсили буҷавиро ташкил дод.
Дар нимсолаи аввали соли хониши 2021-2022 теъдоди донишҷўён коста ёфт, миқдори донишҷўён 585 нафарро ташкил дод, ки аз соли хониши гузашта 83 нафар камтар гашт, 12% -ро ташкил дод. Аз онҳо 449 нафар духтар (16,3%) ва 136 нафар (3,6% зиёд) писар иборат мебошад. Аз он 330 нафар (22,5%) — 244 нафар духтар (26,2%) ва 86 нафар писар (1,1%)) таҳсили шартномавӣ ва 255 нафар (10,1% зиёд)– (205 нафар духтар (1,0%) ва 50 нафар писар 28% зиёд) таҳсили буҷавӣ мебошад.
Давраи семоҳаи аввал моҳи апрели соли 2022 теъдоди донишҷўён боз ҳам коста ёфт, ки он ба 511 нафар расид, яъне 12.6% кам гардид (74 нафар хориҷ ва интиқол гардидаанд). Аз он 403 нафар духтар (10,2%) ва 108 нафар писар (20,5%) иборат мебошад. Аз он 285 нафар (13,6%) -218 нафар духтар (10,6%) ва 67 нафар писар (22%) таҳсили шартномавӣ ва 226 нафар (11,3%)- 185 нафар духтар (9,7%) ва 41 нафар (18%) писар таҳсили буҷавӣ мебошад.