Аз соли 2017 мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Комилова Г.Д. таъин гардид. Дар давоми фаъолияти кории худ муаллима ба беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия аҳамияти ҷиддӣ дод. Ташкил ва гузаронидани корҳои берун аз синфӣ ба ҳукми анъана даромаданд. Ў омўзгорони кафедраро ба баланд бардоштани савияи дониш раҳнамун сохта, борҳо бо мақолаҳои илмию методӣ дар саҳифаҳои матбуот доир ба омўхтани таҷрибаи пешқадами омўзгорони алоҳида баромад намудааст. Вобаста ба талабот чандин асарҳои илмию методии устодони кафедра аз чоп баромаданд, ки онҳо дар байни омўзгорони вилоят хеле хуб пазируфта шуданд
Аз моҳи октябри соли 2017 то моҳи августи соли 2019 мудири кафедраи методикаи таълими фаньои тахассусӣ омузгори калони Абдуллоева Р.Н.. фаъолият намуд. Дар давоми кор ў ба ҳуҷҷатнигории кафедра диққати ҷиддӣ дода, баҳри сайқал додани маҳорату малакаи омўзгорон кўшиш ба харҷ дод.
Соли 2019 то инчониб мудири кафедраи методикаи таълим и фанхои тахассуси омузгори калон Мирзошерова М.Т. таъин мегардад. Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ў ба усулҳои нав ба нави таълим такя намуда, кўшиш менамуд, ки омўзгорон на танҳо ба баланд бардоштани савияи дониши худ эътибор диҳанд, инчунин дар ташкилу гузаронидани корҳои берун аз синфӣ намуна бошанд. Таҳти сарварии ў ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ, вохўрӣ бо олимону шоирон ба ҳукми анъана даромад. Мирзошерова М.Т. омўзгоронро даъват менамуд, ки ҳар як дарсро бо аёниятҳои гуногун ташкил намуда, аз усулҳои фаъоли таълим самаранок истифода баранд ва ба инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии донишҷўён диққати ҷиддӣ диҳанд. Методҳои нав ба нави таълимро аз худ намуда, ба хониши саллоҳиятнок эътибор диҳанд ва омўзгорони ояндаро ба таълими ин навъи омўзиш тайёр намоянд.
Бояд қайд кард, ки дар кафедраи методикаит таълими фанхои тахассуси теъдоди умумии омўзгорон 22 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он омўзгорони доимӣ 18 нафар ва ҳамкор 4 нафар мебошанд. Шумораи омўзгорони унвондор-дотсентҳои доимӣ 2 нафар буда, сармуаллимон 11 нафар ва муаллимон 5 нафарро ташкил медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки омўзгорон Усмонова М.А. ва Кенчаева Н.С. айни ҳол ҳамчун унвонҷў фаъолият мебаранд. Омўзгорон Усмонова М. дар мавзўи “Хусусиятхои насри занон дар адабиёти муосири точик”, Кенчаева Н.С. дар мавзўи “Арзишхои педагоги ва дидактикии китобхои дарси доир ба фанхои дакик дар асрхои X- XV“ тадқиқоти илмӣ бурда истодаанд.