То таъсисёбии кафедраҳо дар омўзишгоҳ сикли педагогика ва психология амал мекард, ки ин сикл омўзгорони фанҳои педагогика ва психология, омўзгорони фанҳои мусиқӣ, таълими меҳнат, санъати тасвирӣ ва тарбияи ҷисмониро муттаҳид карда буд.
Аз фанҳои педагогика ва психология устоди касби хеш Москвина В.Г., Котова В.И., Ермалаева Н.А., Сайко Н.К., Ўрунова М., Азизов Э. Ҷалилова Т., Ҳамдамова Б.О. ва Миробидова М.ба толибилмон дарс мегуфтанд.
Аъзоёни кафедра кўшиш ба харҷ медоданд, ки ҳар як дарси онҳо бо як самимияту таваҷҷуҳи ба худ хос гузарад. Аз соли 2000- ум то соли 2003 ҳамчун мудири кафедраи педагогика ва психологияро, дотсент Ҳакимова М., ба уҳда доштанд.
Аз соли 2003 то соли 2014 омӯзгор Ҳамдамова Биҷамила мудири кафедраи мазкурро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2014 то соли 2016 мудири кафедраи педагогика ва психология ба зиммаи сармуаллима Раҳматова М.М., гузошта шуд.
Аз соли 2016 то соли 2017, дотсент Салимова М., вазифаи мудири кафедраро дар зимма дошт.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то соли 2019 сарварии кафедраи педагогика ва психологияро сармуаллим Миршоев А.А. ба уҳда дошт.
Аз соли 2019 то инҷониб вазифаи мудири кафедраи педагогика ва психологияро таҳти роҳбарии сармуллима Ахмедова М.Р., сарварӣ карда истодааст.
Ҳоло бошад дар кафедра омўзгорони пуртаҷриба Аълочиёни маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедова М.Р.,Миробидова М.М.,Раматова М.М., омузгорони калони кафедра Негматҷонова М., Кароматуллоева М., Қодирова Ф.М.,Усмонова М.Э., ва омўзгорон Мухторова М.А., Отаҷонов Ш.Ҷ., Негматова Д.Р.,Назарова Д.В., Карамонзода З., Қодирова Н.Ш., Мӯҳсинӣ Ҷаннатбегим., Ӯрунова З.И., фаъолияти хешро идома дода истодаанд.
Рисолати тайёр кардани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ устодони кафедраи моро вазифадор менамояд, ки ба донишҷўёни ихтисосҳои риёзиву таърих, филологияи тоҷику ўзбек, забони русӣ ва англисӣ, таълими мактабӣ, томактабӣ ва логопедия сирру асрори пешаи интихобкардаи онҳоро таълим диҳад, дар ташаккул додани тарбияи хештаншиносӣ ватандориву ватандўстӣ, худогоҳиву ҳисси ифтихори миллӣ, меҳнативу ахлоқии ҳамидаи инсонӣ роҳу усулҳои ҷадидро ҷустуҷў намояд.
Дар кафедра 12 номгўи фанҳо таълим дода мешавад, ки бо назардошти сохтори нави замонавӣ – коллеҷ барномаҳои таълимӣ ва корӣ аз нав таҷдиди назар карда шуданд. Дар кафедра таъмин намудани донишҷўён бо маводҳои таълимию методӣ, аёниятҳо, ташкили семинарии илмию методӣ, ба танзим даровардани нақшаҳои корӣ нақшаҳои инфиродии омўзгорон ва ùайраҳо дар мадди аввал гузошта шудааст.
Меҳвари асосии фаъолияти кафедраро наздик намудани раванди таълим ба сохтори мактаби олӣ ташкил медиҳад. Дар ин самт низ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Таҳияи матнҳои лексия, муҳокимаи онҳо дар ҷаласаи кафедра ва семинари илмию методӣ, иштирок ба дарсҳои ҳамдигар,ташкили дарсҳои кушод, навбатдории омўзгорон дар кафедра ва ùайраҳо аз қабили чунин чорабиниҳо маҳсуб меёбанд.
Аъзоёни кафедраи педагогика ва психология монанди дигар кафедраҳои коллеҷ барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ташаккули маърифатнокии донишҷўён, тарбияи маънавӣ ва ташаккули худшиносу худогоҳии онҳо кўшиши зиёда ба харҷ медиҳанд.
Бо назардошти талаботи мактабҳои олӣ дар кафедра ба корҳои илмию методӣ низ эътибори хоса дода мешавад.
Устодон ва омўзгорони кафедра ба табъу нашри маводҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. То имрўз аз тарафи аъзоёни кафедра 4 раҳнамои таълимӣ 6 номгўи дастури методӣ, зиёда аз 26 маърўзаҳои илмӣ аз чоп бароварда шудааст.
Устодон ва омўзгорони кафедра кўшиш менамоянд, ки толибилмон, омўзгорони ояндаро ба донишҳои илмӣ аз фанҳои педагогика, психология ва логопедия баҳравар гардонанд.
Самти дигари фаъолияти кафедра корҳои тарбиявӣ дар кафедра мебошад. Аз онҳо 7 нафар аъзоёни кафедра роҳбарони гурўҳҳои академикиро ба уҳда доранд. Ҳар як роҳбарони гурўҳ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як донишҷўёни ў хамчун шахси ҳаматарафа инкишофёфта , дорои рафтору одоби намунавӣ бошад.
Дар назди кафедра маҳфили «Омўзгорони ҷавон» амал мекунад, ки роҳбарии онро сармуаллима Кароматуллоева М.С., ба уҳда доранд.
Дар соли хониши 2021-2022 15- нафар устодон ва омўзгорон дар кафедра фаъолият бурда истодаанд.
Дар кафедра омўзгорон Ахмедова М.Р., Раҳматова М.М., Отаҷонов Ш.Ҷ., Кодирова Н.Ш., Кароматуллоева М.С.,Мухторова М.А., ва дигарон аз рўи нақшаи дурнамо дар мавзуъҳои гуногун корҳои илмию – таҳқиқотӣ бурда истодаанд.