Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС

Кафедраи забон ва адабиёти рус соли 2005 дар заминаи кафедраи забонҳо таъсис дода шуда, бо мақсади таъмини намудани эҳтиёҷоти соҳаи маориф бо омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ фаъолияташро ба роҳ монд. Соли 2005 кафедраи забонҳо, ки мудири он Дадабоева М.И. буданд, омўзгорони забони тоқикӣ, забони ўзбекӣ ва забони русиро муттаҳид гардонида, бо маќсади дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф кўшиш ба харқ медоданд.

        Аз соли 2010 то 2013 марҳум сармуаллима Усмонова Қ.Ҳ. мудири кафедраи забон ва адабиёти русро дар ўҳда доштанд.

          Аз байни омўзгорони забони русӣ Хадҷаева М. Д соли 2009  рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Актуализаӣия нравственно – мировоззренческих ӣенностей худоҷественного текста на уроках русского язқка при интегрированном изучении в колледҷах Тадҷикистана» дар шаҳри Душанбе  бо роҳбарии илмӣ узви вобастаи  АИП доктори илми педагогика, профессор Каримова И.Х. ҳимоя намудааст. 

   Инчунин Ишматова Ш. А. соли 2017 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Компетентностнқй подход к подготовке спеӣиалистов в средних

профессионалҳнқх учебнқх заведениях Тадҷикистана» дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии илмӣ узви вобастаи АИП доктори илми педагогика, профессор Каримова И.Х. ҳимоя намудааст.

      Аз моҳи марти соли 2018  омӯзгори калон  Собирова Ҷ.Ғ. мудири кафедраи забон ва адабиёти рус таъин шуданд ва фаъолият бурда истодаанд.

Алҳол, дар кафедра 9 нафар устодон фаъолият мебаранд, ки дар байни онҳо 3 нафар Аълочии маорифи Қумҳурии Тоқикистон, 6 нафар сармуаллимон, 3 нафар муаллимонанд.

Солҳои 2005-2010 кафедраи забонҳо, ки мудири он Дадобоева М.И. буд, омўзгорони забони тоқикӣ, забони ўзбекӣ ва забони русиро муттаҳид гардонида, бо маќсади дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф кўшиш ба харқ медоданд.

       Кафедраи забон ва адабиёти рус ҳамқадами таълимгоҳ буда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

      Мақсади таъсиси кафедра ба роҳ мондани таълими забон ва адабиёти рус аз рӯи нақшаи синхронӣ ва диахронӣ буда, дар як вақт амали гардонидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва амали намудани “Барномаи давлатии омузиши забонҳои хориҷӣ”, алалхусус забони русӣ мебошад.

     Ҳайати омӯзгорони кафедра ба ҷуз амалӣ намудани барномаҳои таълимии ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, инчунин дар чорабиниҳои гуногуни муассисаҳои миёнаи касбӣ, конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилояти ва  дигар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Мақсади асосии кафедра таъмини ҷараёни таълиму тарбия аз фанни забони русӣ буда, он аз ташаккули нутқи шифоҳию хаттии донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаю щоибона аз рӯйи барномаи таълимии забони русӣ барои донишандӯзии филологӣ ва щайрифилологӣ мебошад.

Дар кафедра ҳамаи устодон аз рӯйи ихтисоси асосӣ – забони русӣ соҳибмаълумот буда, кору фаъолият мебаранд. Дар кафедра соатҳои дарси забони русӣ аз рӯйи барномаи кории кафедра, ки масъалаю муаммоҳои замони муосир ва маълумот дар бораи ихтисосҳои коллеҷ дар бар мегиранд, гузаронида мешаванд. Вазифаи асосии барнома – ин такмил ва ташаккули нутқи шифоҳӣ ва хаттии муҳассилин мебошад. Ҳайати ҷомеаи кафедраи мазкур қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 2 декабри соли 2003 таҳти унвони «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон» сармашқи кори худ намуда, баҳри дар амал ҷорӣ кардани он нақшаи тадбирҳо омода сохта ва аз рӯи он кор мебаранд.