Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ПЕДАГОГИКА

Вазифаи асосии ҳар як омўзгор ин боло бардоштани сатҳ ва сифати таълим ва тарбияи донишҷўён мебошад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо он давлат ва миллат дастёб мегардад, ки воқеан ҳам дониши фасеҳ, заковат ва хиради воло дошта бошад.

Сарвари давлат дар ҷараёни  суханрониашон дуруст қайд намуданд, ки омўзгор дар рафти таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ўст. Яъне омўзгор дар раванди таълиму тарбия баробари волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидану тайёр кардани мутахассисони варзидаи замон масъул аст.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров”, ки яке аз муассисаҳои таълимии пешқадам мебошад, баҳри пешрафти мутахассисони соҳаи омўзгорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беандоза калон дорад.

Зикр бояд намуд, ки тибқи  дастуру супориши директори Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров,  дотсент Кенҷазода М.С.  факултети математика ва педагогика санаи 31 августи соли 2017 таъсис дода шуд, ки ба он дотсент Шамсидинов Х. М.  декани факултет таъин гардид. Аз санаи 01 сентябри соли 2018  ин вазифа ба зиммаи номзади илмҳои филологӣ Юнусова Д.Т. ва аз санаи 1 январи соли 2021 ба дўши номзади илмҳои педагогӣ Комилова Г.Д.  гузошта шуд.

Дар факултет чор кафедра амал мекунад, ки инҳо кафедраи математика ва технологияи муосир, мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ Ахмедова С., кафедраи педагогика ва психология, мудири кафедра омўзгори калон Ахмедова М., кафедраи фанҳои табиӣ, мудири кафедра дотсент Шерматова М. ва кафедраи методикаи фанҳои тахассусӣ, мудири кафедра омўзгори калон Мирзошерова М. мебошанд.