Дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иди байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса ва фазои идонаи саршор аз шодиву сурур таҷлил гардид.

Чорабинии идона бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонони гиромӣ баргузор гардида, дар он анъанаҳои неку деринаи миллати тоҷик ба таври васеъ муаррифӣ шуданд. Аз ҷумла, пухтани суманак ҳамчун рамзи баракату фаровонӣ, омода намудани таомҳои миллии наврӯзӣ ва оростани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, ки ифодагари фарҳанги ғании ниёгон мебошад, диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

Ҳамзамон, намоиши гуногуни хӯрокҳои миллӣ, маҳсули дастони ҳунармандонаи донишҷӯён, фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардонд. Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардид, ки он аз сурудҳои дилнишин, рақсу саҳначаҳои ҷолиб иборат буд.

Таҷлили чунин бошукуҳи Наврӯз бори дигар собит намуд, ки ин ҷашни аҷдодӣ на танҳо пайвандгари наслҳо, балки омили таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

