
21 ноябри соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони коллеҷ дар ҳамкорӣ бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар раванди аксия аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» ба омӯзгорону донишҷӯён рамзҳои давлатӣ тақдим намуда, аҳамияти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ таъкид карда шуд. Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба зарурати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ ташвиқ гардиданд.

Ташкили чунин иқдомҳо ба таҳкими худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба фаъолияти созанда мусоидат менамояд.


