Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

 

ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ!

11 октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбегии мазкур омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок намуда, ҳудуди муассиса, роҳравҳо, гулгашту майдончаҳои наздибиноӣ ва синфхонаҳоро тозаву озода намуданд.
Ташкили чунин иқдомҳои созанда ба баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ, тарғиби меҳнатдӯстӣ ва зебоии муҳити зист миёни ҷавонон мусоидат намуда, як намунаи олии ҳамкории дастаҷамъона ба ҳисоб меравад.
Мақсад аз баргузории шанбегӣ — фароҳам овардани муҳити зебо, тоза ва солим вобаста ба беҳдошти муҳити зист ва нигоҳдории ҳудуди муассиса мебошад.