Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

 

4 ноябри соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Конститутсия — санади тақдирсоз ва пояи устувори давлати соҳибистиқлол» баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, омӯзгорону донишҷӯёнро ба ин санаи муҳими сиёсӣ табрику муборакбод гуфт. Зикр карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 марҳилаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон буд. Он на танҳо асоси ҳуқуқии давлатдории миллиро гузошт, балки роҳи рушди демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии кишвари моро муайян намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи ирода ва орзуву ормонҳои халқи тамаддунсозу сулҳпарвари тоҷик буда, заминаи мустаҳками устувории ҳокимияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеаро фароҳам овард. Бо қабули ин санади олӣ, Тоҷикистон тавонист, ки аз гирдоби буҳронҳои ибтидои соҳибистиқлолӣ берун омада, пояҳои давлатдориро устувор созад ва роҳи пешрафту шукуфоиро пеш гирад.

Дар тӯли сиву як соли амали Конститутсия кишвари мо марҳила ба марҳила ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар натиҷаи татбиқи принсипҳои волои Конститутсия ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи комил пойдор ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъмин гардид. Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи меъёрҳои конститутсионӣ, Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 2000 ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба зиёда аз 150 миллиард сомонӣ расид ва суръати рушди воқеии иқтисод 8,4 фоизро ташкил дод. Шоистаи зикр аст, ки дар панҷ соли охир рушди миёнаи иқтисоди миллӣ 7,7 фоизро дар як сол дар бар гирифт, ки ин нишондиҳанда нишонаи равшани пешрафти босуръати иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборзода Иброҳим Раҳмат бо маърӯзаи пурмазмун баромад намуда, иброз дошт, ки

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Россия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бошад Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавононро зарур аст, ки меъёрҳои Конститутсияро на танҳо донад, балки дар зиндагии ҳаррӯза татбиқ намояд.

Дар идомаи ҳамоиш ғолибони озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни донишҷӯёни коллеҷ ва кураторони онҳо аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо диплому сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеърҳо ва суханҳои ватандӯстона дар васфи Пешвои муаззами миллат, нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандон идома ёфт.

Чорабинӣ дар фазои идона, бо рӯҳияи баланди миллӣ ва эҳсоси ифтихори ватандорӣ анҷом пазируфт.