
19 октябри соли 2025 аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти роҳбарии директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода, ба кӯмаки марди деҳқон рафта, дар ҷамъоварии ҳосили пахта саҳм гузоштанд.
Ин иқдом дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Ғозиён, хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз ташкили чунин амал — дастгирии заҳматкашони саҳро, арҷгузорӣ ба меҳнати марди деҳқон ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Дотсент Рухсора Давлатзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки ин гуна ташаббусҳо на танҳо ҳамчун кӯмаки амалӣ ба деҳқонон арзиши воло доранд, балки дар тавсеаи фарҳанги меҳнат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ миёни ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Ҷомеаи меҳнатии коллеҷ — омӯзгорон, кормандон ва ҷавонони фаъоли муассиса, бо руҳияи баланди меҳнатӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” фаъолона ширкат варзиданд.
Ин иқдом ифодаи рӯҳи ҳамбастагӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба марди заҳматкаш буда, намунаи олии ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо кишоварзон мебошад.


