САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ — ШАРАФИ МОСТ!

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи бошукӯҳ таҳти унвони «Садоқат ба Президент — шарафи мост!» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, бо самимияти беандоза садоқати хешро ба Сарвари давлат изҳор намуданд.

Ҷавонон бо шеъру иқтибосҳо, суханрониҳои пурмазмун ва шеърҳои адабӣ ибрози муҳаббати самимӣ ба Пешвои миллат намуданд ва таъкид карданд, ки вафодорӣ ба давлат ва Президенти кишвар вазифаи муқаддас ва шарафи ҳар фарди ватандӯст мебошад.

Тавре дар рафти чорабинӣ иброз гардид, чунин чорабиниҳо заминаи боэътимоди эҳтиром ва садоқат ба Пешвои миллат буда, дар ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши арзишманде доранд.

Аксия собит сохт, ки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамеша омодаанд бо садоқати бепоён ва самимияти комил арзишҳои давлатдории тоҷикон ва сиёсати созандаи Пешвои миллатро татбиқу ҳифз менамоянд.