Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

15 ноябри соли 2025 дар толори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии сиёсӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар ибтидо директори коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода суханронӣ намуда, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву миллӣ арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ масъулияти сарнавишти миллатро ба дӯш гирифта, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ ба роҳу равиши тараққиёту пешрафт оварданд. Имрӯз ҳар як дастоварди давлатӣ — аз сулҳи тоҷикон то бунёди роҳҳо, нерӯгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва рушди сиёсати фарҳангию иҷтимоӣ — натиҷаи заҳмати пайваста, хирадмандӣ ва масъулияти олии Роҳбари давлат аст.

Сипас шоира Гулноз Тоҳириён дар мавзӯи нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ ва болоравии худшиносии ҷомеа ибрози назар намуда, аз арзишҳои созандаи сиёсати давлатдорӣ ёдовар гардид.

Дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик, Саидумрон Саидов, низ суханронӣ намуда, ҷойгоҳи таърихӣ ва хизматҳои Пешвои миллатро дар эҳёи мероси адабӣ ва фарҳангии тоҷикон муҳим арзёбӣ кард.

Баъди суханрониҳо аз ҷониби донишҷӯён барномаи адабӣ, ки шеърҳои ватандӯстона, саҳнаҳои тарбиявӣ ва таронаҳои ҷашниро дар бар мегирифт, манзури ҳозирин гардид.

Чорабинӣ дар рӯҳияи баланд, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати созандаи Пешвои миллат ҷамъбаст гардид.