20 майи соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони фаъоли қишри ҷавон, кормандони соҳаи маориф, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои ҷомеа баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши ҷавонон ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли МДТ «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» низ иштироки фаъолона ва назаррас доштанд.
Зимни суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид намуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона амалӣ гардида, барои рушду ташаккули нерӯи ҷавон дар тамоми самтҳо имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Зикр гардид, ки ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши муассир доранд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрами марбут ба амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати ҷавонон, густариши соҳаи варзиш, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, дастгирии ҷавонони болаёқат ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои созандагию ободонӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод, донишҷӯёни фаъол ва ғолибони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ тадбирҳои муассиру натиҷабахшро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ гардид, ки донишҷӯёни фаъолу ташаббускор Тоҷибоев Парвиз ва Мухторҷонзода Меҳрона ба дарёфти Стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд мушарраф гардиданд. Ин қадршиносӣ ҳамчун нишонаи равшани таваҷҷуҳи давлату мақомоти маҳаллӣ ба рушди иқтидори зеҳнӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва арҷгузорӣ ба фаъолияти ҷамъиятии донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, муовини директор оид ба тарбияи Коллеҷи омӯзгорӣ Маҳмудзода Муталиб барои саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Сипоснома ва туҳфаи Раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти МДТ «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва тақвияти иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ пайваста тадбирҳои муҳиму судмандро амалӣ менамояд. Донишҷӯёни муассиса низ бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии ҷомеа мегузоранд.