21 майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» чорабинии бошукуҳи тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон, донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва намояндагони сохторҳои давлативу воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, ки он ҳамчун таҷассуми арҷгузорӣ ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстиро фароҳам овард.

Дар чорабинӣ директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров иштирок намуда, оид ба нақши ҷавонон дар пешрафти давлату ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва саҳми насли ҷавон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ карданд.
Нахуст директори Коллеҷ дотсент Рухсора Давлатзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи бузурги созанда, идомадиҳандаи анъанаҳои давлатдорӣ ва такягоҳи боэътимоди ҷомеа дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд. Мавсуф зимни суханронии пурмуҳтаво иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули ҷаҳонбинии солим, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди таҳсилу фаъолият барои ҷавонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки ҷавонони кишвар имрӯз дар баробари донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ будан, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар арсаҳои илм, маориф, варзиш, фарҳанг, технология ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои ватандӯстона дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи дастгирии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ арзёбӣ намуда, баҳри рушди неруи зеҳнӣ ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Директори муассиса бо иқтибос аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем», ки ин суханон бозгӯи эътимоди амиқи Роҳбарияти Олии давлат ба неру ва масъулияти бузурги ҷавонон дар назди Ватан маҳсуб меёбад.
Дар идомаи ҳамоиш дотсент Рухсора Давлатзода аз дастовардҳои назарраси ҷавонони Коллеҷ дар соли таҳсили 2025–2026 ёдовар шуда, иброз дошт, ки донишҷӯёни муассиса дар озмунҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона дошта, бо рафтору фаъолияти намунавии худ нуфузу обруи Коллеҷро баланд бардоштанд. Бо ифтихор таъкид гардид, ки Абдураззоқова Мастонахон — донишҷӯи ихтисоси биология, гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд, Тоҷибоев Парвиз — донишҷӯи ихтисоси биология ва Мухторҷонзода Меҳронахон — донишҷӯи ихтисоси таҳсилоти томактабӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷумлаи ҷавонони фаъолу лаёқатманде мебошанд, ки бо комёбиҳои худ намунаи ибрат барои дигар ҷавонон ба шумор мераванд.

Зикр гардид, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии донишҷӯён дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ду маҳфили тарбиявии умумиколлеҷӣ «Пайравони Пешвои миллат» ва «Ватанпарвар» фаъолияти пурсамар дошта, ҷавононро ба илму донишандӯзӣ, ифтихори миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду ободии кишвар роҳнамоӣ менамояд.
Ҳамчунин зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки дар шароити ҷаҳони пуртазод ва равандҳои мураккаби сиёсии муосир ҷавононро мебояд дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ бошанд, ба гурӯҳҳои ифротгаро ва андешаҳои бегона роҳ надода, баҳри ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои давлат ва арзишҳои муқаддаси истиқлолият ҳамеша омода бошанд.

Сипас мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров баромад намуда, ҷавонони муассисаро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, саҳми ҷавонони Коллеҷи омӯзгориро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди ҳаракати варзишӣ назаррас арзёбӣ намуд. «Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона саҳм мегузоранд»- чунин иброз намуд Абдувосид Ғафуров.

Дар фазои тантанавӣ як қатор ҷавонону варзишгарони фаъол ва донишҷӯёни пешқадами Коллеҷ барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастовардҳои назаррас дар самти илм, фарҳанг ва варзиш, саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин ташаббусҳои созандаву ватандӯстона бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷониби донишҷӯён барномаи пурмазмун ва рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки тавассути суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳнаҳои тарбиявӣ ва баромадҳои ҳунарӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, зиндагии саодатманди ҷавонон ва эҳсоси ифтихору садоқат ба давлату миллатро бозгӯ мекард. Барномаи фарҳангӣ дар руҳияи баланд баргузор гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассиса 100 нафар ҷавонони фаъолу лаёқатманд қадрдонӣ карда шуданд.







