Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

16 декабри соли 2025 дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироаи сухан намуданд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат масъалаҳои муҳими пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, маорифу илм ва фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва вазифаҳои мушаххас барои марҳалаи минбаъдаи рушди кишвар муайян карда шуданд.

Ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва масъулият тамошо намуданд. Омӯзгорон ва кормандони коллеҷ муҳтавои Паёмро ҳамчун санади муҳими стратегӣ барои рушди минбаъдаи давлату ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, бахусус дар самти омодасозии мутахассисони соҳибихтисос ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор мебошад.

Тамошои Паёми Президенти кишвар бори дигар аҳамияти баланди ин санади сарнавиштсозро барои ҷомеаи меҳнатии коллеҷ таъкид намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам пурсамар дар роҳи пешрафти соҳаи маориф ва таҳкими арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *