13 декабри соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Абдувосид Ғафуров — мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Муталиб Маҳмудзода — муовини директор оид ба тарбияи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҷавонони фаъол, аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» маросими оғози курси омӯзишии «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

Нахуст Абдувосид Ғафуров зимни суханронӣ доир ба ҳадафу вазифаҳои курси бозомӯзӣ ва фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Пайравони Пешвои миллат» маълумоти муфассал ироа намуда, нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон муҳим арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат заминаи боэътимоди тарбияи насли худогоҳ, ватандӯст, соҳибмаърифат ва масъулиятшиносро фароҳам оварда, ҷавононро ба неруи пешбарандаи ҷомеа табдил додааст.

Зикр шуд, ки курси омӯзишӣ бо мақсади омӯзиш ва тарғиби хизматҳои тақдирсоз, осори пурарзиш, ташаббусҳои байналмилалӣ ва сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, ҳамчунин омода намудани кадрҳои ҷавони соҳибандеша, содиқ ба арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат роҳандозӣ гардида, ба таҳкими ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон мусоидат менамояд. Дар идомаи суханронӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлат вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони огоҳ мебошад.

Сипас Муталиб Маҳмудзода вобаста ба нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу субот ва рушди устувори кишвар сухан гуфта, марҳилаҳои асосии ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дод. Таъкид гардид, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷавонон имрӯз ҳамчун қувваи созанда, идомадиҳандаи кору пайкори наслҳои гузашта ва кафили ояндаи дурахшони давлату миллат баромад менамоянд.

Дар ҷараёни чорабинӣ муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шарҳу тавзеҳ дода шуда, доир ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, пешгирии терроризму экстремизм, муқовимат ба падидаҳои номатлуб, истифодаи босамари телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифат тавассути китобхонӣ ибрози андеша сурат гирифт.
Дар фарҷом ҷавонон — шунавандагони курси омӯзишӣ аз сиёсати дурбинона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамчун пайравони воқеии Пешвои миллат тамоми донишу неруи худро барои татбиқи аҳдофи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, хидматҳои бузургу таърихӣ ва ибратбахши Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти минбаъдаи худ қарор хоҳанд дод.
Курси омӯзишии «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» дар заминаи ҳамкории самарабахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ташкил гардида, ҳадафи он таҳкими маърифати сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва омода намудани ҷавонони фаъолу масъулиятшинос ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат мебошад.