Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ИЛМ ВА МАОРИФ

12 декабри соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи илм ва маориф» бо иштироки нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Комрон Нуриддинзода, ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 тасдиқ гардидааст, ташкил шуд.

Семинарро директори коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки пешрафти устувори давлатҳо ба сатҳи маърифати ҷомеа, шаффофияти низоми идоракунӣ ва рушди андешаи миллӣ иртиботи зич дорад, зуҳуроти коррупсионӣ, бахусус дар соҳаи илму маориф, метавонад ба устувории амнияти миллӣ, сифати таълиму тарбия ва шаклгирии кадрҳои соҳибмаърифат таъсири манфӣ расонад.

Дотсент Рухсора Давлатзода дар баромади худ ба таври мушаххас ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, такя намуда, иброз дошт, ки мубориза бо коррупсия вазифаи умумидавлатӣ ва умумиҷамъиятӣ буда, инчунин аз ҳар як омӯзгору донишҷӯ сатҳи баланди масъулияти шаҳрвандиро тақозо менамояд. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба такмили заминаҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, иқдомҳои муассирро роҳандозӣ кардааст.

Дар семинар нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Комрон Нуриддинзода дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия ва дигар падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ» суханронӣ намуд. Номбурда оид ба масъалаҳои мубрами қонунгузории зиддикоррупсионӣ, механизмҳои таҳлили хавф, роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва зарурати татбиқи фарҳанги ҳуқуқӣ миёни кормандони соҳаи илму маориф ва ҷавонон маърӯзаи муфассал ироа намуд.

Сипас, муовини директор оид ба тарбия Маҳмудзода Муталиб Муқим дар мавзӯи «Нақши Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 дар рушди давлат ва ҷомеа» баромад намуда, ба иртиботи ногусастании ҳадафҳои стратегии давлат бо таҳкими низоми шаффоф, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ишора намуд.

Дар идома, мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Муҳаббат Мамадҷонова оид ба «Нақши омӯзгорон дар муқовимат ба коррупсия» андешаҳои илмӣ-методологии худро баён намуда, таъкид дошт, ки омӯзгорон ҳамчун тарбиятгарони насли ҷавон вазифадоранд, ки тавассути фаъолияти зеҳнӣ, ахлоқӣ ва амалӣ маърфати зиддикоррупсионии ҷавононро ташаккул диҳанд.

Сипас донишҷӯи курси якуми ихтисоси биология, аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» Ҳидоятов Меҳрзод Некрузович бо пешниҳоди андешаҳои худ мавқеи ҷавононро дар раванди пешгирии коррупсия ва таҳкими фазои шаффоф дар муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамзамон наворҳои таблиғотии зиддикоррупсионӣ ба ҳозирин намоиш дода шуданд.

Дар ҷамъбастии чорабинӣ таъкид гардид, ки Раёсати коллеҷ минбаъд низ ҳамкориро бо мақомоти дахлдор дар самти таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ташкили вохӯриву семинарҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён вусъат мебахшад.

Чорабинӣ бо изҳори миннатдорӣ ба намояндаи Раёсати Агентӣ ҳусни анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *