
5 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи падару модарони донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки директор, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, кураторон ва волидайни донишҷӯёни кафедраҳои методикаи таълими фанҳои тахассусӣ, фанҳои табиӣ, математика ва технологияҳои муосир, педагогика ва психология, забони англисӣ дар се баст баргузор шуда, ҳадаф аз он таҳким бахшидани ҳамкории муассиса бо оила ва баланд бардоштани масъулияти тарбиявӣ дар муҳити таълимӣ мебошад.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода оғоз ёфт. Зикр гардид, ки фаъолияти муассиса пурра дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои илму маорифи кишвар ба роҳ монда шудааст. Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосӣ – фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврасу ҷавон мебошад.
Дар ҷараёни ҷаласа нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28 декабри соли 2024 мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки рушди устувори кишвар бевосита ба сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии ҷомеа вобаста мебошад. Ҳамчунин, ишора гардид, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шароити ҷаҳонишавӣ аз вазифаҳои имрӯзии муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти миёнаи касбӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.
Зимни суханронӣ масъулони Коллеҷ натиҷаҳои фаъолият дар самти таълим, тарбия, иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзиширо таҳлил намуда, аз ҳамкории судманди падару модарон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар анҷом волидайни донишҷӯёни фаъол барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи фарзанд бо сипосномаҳои Раёсати коллеҷ қадрдонӣ карда шуданд.




