Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии волонтёрон

4 декабри соли 2025 дар толори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии волонтёрон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия Муталиб Маҳмудзода, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд — Манижахон Насуллоева ва Ҳасанҷон Ёқубзода, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон, донишҷӯён — аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» ва волонтёрон ширкат варзиданд.

Нахуст намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Манижахон Насуллоева, номаи шодбошии бахшро ба муносибати Рӯзи волонтёрон оид ба аҳамияти фаъолияти волонтёрӣ ва саҳми ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ироа намуд. Дар баромад таъкид карда шуд, ки волонтёрӣ мактаби муҳими худташаккулёбӣ ва рисолати шаҳрвандист, ки ба рушди малакаҳои иҷтимоӣ, эҷодкорӣ ва ҳисси масъулияти ҷавонон мусоидат мекунад.

Сипас муовини директор оид ба тарбия, Муталиб Маҳмудзода, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, фаъолияти волонтёриро ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ва рукни пайваста ҷоннокшавандаи ҳаёти ҷамъиятӣ арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» (2013) ва ташаккули сохторҳои вилоятиву шаҳрӣ ва муассисавӣ барои рушди фаъолият ва густариши ҳаракати волонтёрон шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Дар идома вобаста ба дастовардҳои волонтёрон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ шуда, ба фаъолият ва ташаббусҳои ҷавонони коллеҷ баҳои баланд дода шуд.

Таъкид карда шуд, ки Раёсати коллеҷ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин замина тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷавонони коллеҷро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар навбати худ, як зумра ҷавонон суханронӣ намуда, зикр доштанд: «Аз ғамхорӣ ва пуштибонии Сарвари давлат мо ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар ободӣ, гулгулшукуфоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон ҳиссаи шоистаи хешро мегузорем. Мо насли хушбахти замон маҳз дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат имрӯз баҳри омӯхтани илму дониш саъю талош менамоем. Мо-ҷавонон бо азму иродаи қавӣ ба донишандӯзӣ машғул шуда, дар пешрафти ин сарзамин саҳми созандаи худро мегузорем».

Дар вазъияти тантанавӣ як зумра донишҷӯёни фаъол — аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» ва волонтёрон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *