Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

Дастгирии иҷтимоии донишҷӯён

25 декабри соли 2025 дар партави сиёсати башардӯстона, иҷтимоӣ ва инсонмеҳвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуд, равона гардидааст, дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии хайриявӣ баргузор шуд.

Дар доираи ин иқдоми хайрхоҳона директори Коллеҷ, дотсент Рухсора Давлатзода бо 45 нафар донишҷӯёне, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум мондаанд ва ё дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ мебошанд, мулоқоти самимӣ анҷом дода, онҳоро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику таҳният гуфт ва тӯҳфаҳои идонаро ба онҳо тақдим намуд.

Зимни баромади худ роҳбари муассиса таъкид намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини адолати иҷтимоӣ, ғамхорӣ ба қишрҳои ниёзманд ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсилу зиндагии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Зимни мулоқот сарвари Коллеҷ донишҷӯёнро ба илму донишандӯзӣ, аз худ намудани касби интихобнамуда бо масъулияти баланд, риояи интизоми таълимӣ ва фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти ҷамъиятии муассиса ҳидоят намуда, таъкид кард, ки танҳо бо такя ба дониш, маърифат ва меҳнати содиқона метавон дар ҷомеа мавқеи арзанда пайдо кард ва ба пешрафти давлату миллат саҳми шоиста гузошт.

Қайд карда шуд, ки чунин иқдомҳои хайриявӣ ба таҳкими фазои инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ғамхорӣ дар муҳити таълимӣ мусоидат мекунад.

Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён барои таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхории пайваста изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки чунин муносибати меҳрубонона онҳоро ба таҳсили аъло, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва хизмат ба ҷомеа бештар ҳавасманд месозад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *