Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

МУЛОҚОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛӢ БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ ВА ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Ҳадаф аз баргузории ин мулоқотҳо расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва шунидани пешниҳоду дархостҳои шаҳрвандон мебошад.

Дар доираи ин ташаббусҳо мулоқоти навбатии дар толори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доираи васеи сокинон, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссар Қаҳорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо масъулин нуктаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Сарвари давлатро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, инчунин таҳкими суботи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Иштирокчиёни мулоқот таъкид карданд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо саҳми фаъоли ҳар як шаҳрванд имконпазир буда, омӯзгорон дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши калидӣ доранд.

Дар фарҷом сокинон ва омӯзгорон ба саволҳои худ посух гирифта, барои ташкили чунин мулоқотҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *