Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

Нишасти 233-юмини маҳфили «Ганҷи сухан»

25 декабри соли 2025 дар толори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти 233-юмини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» бо шукӯҳи хос баргузор гардид.

Дар нишаст бештар аз 120 нафар олиму адиб ,устоду донишҷӯ ва ,мухлиси каломи бадеъ ширкат доштанд.

Маҳфил ба мавзӯъҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ,ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои худшиносии миллӣ,, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва масъалаҳои маърифати бадеии “Шоҳнома”-и ӯ ва дастолварди навбатии шоири хушкалом дорандаи медали “Хидмати шоиста” Гулноз бахшида шуд.

Нахуст намояндаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Мирпочоева баромад кард ва нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ бахшид. Мавсуф ҳамзамон шоир Гулноз Тоҳириёнро аз номи роҳбарияти ҳаракат бо дастоварди навбатии эҷодӣ муборакбод намуд.

Сипас.директори коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров , номзади илмҳои филология Рухсора Давлатзода дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои худшиносии миллӣ» сухан кард. Ӯ омодагии коллективи колеҷро дар тақвият бахшидани эҳсоси худшиносии донишҷӯён баён кард.

Адабиётшинос Саидумрон Саидов доир ба паҳлуҳои маърифати адабиву бадеии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маърӯзаи илмӣ намуд.

Сипас роҳбари маҳфили “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов зикр намуд,ки дар маҳфил шоири хушбаён Гулноз меҳмони фахрӣ ҳастанд ва ин дафъа сухан аз дастоварди навбатии шоири хушадо меравад Чанд рӯз муқаддам Гулноз Тоҳириён ба унвони «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардонда шудааст,ки ин унвони ифтихорӣ дар доираи саммити байналмилалие, ки дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардид, ба шоири тоҷик эҳдо шуд. Дар ҳамоиши мазкур наздик 100 нафар намояндагони адабу фарҳанги 37 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Саидумрон Саидов аз истиқболи гарми аҳли адабу фарҳанг ёд кард ва аз қадршиносии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода изҳори сипоси аҳли маҳфилро баён намуд. Воқеан аҳли илму адаб бар он назаранд,ки ки чунин муваффақиятҳо нишонаи эътирофи ҷаҳонии фарҳангу адаби тоҷик буда, саҳми шоистаи эҷодкоронро дар муаррифии миллат ва забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ мекунад.

Гулноз Тоҳириён барои аҳли нишаст аз ин сафари хотирмону таърихӣ нақлҳои ҷолиб кард ва ҳамзамон сипосгузории худро барои эҳтирому арҷгузори ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарияти коллеҷи омӯзгорӣ ва ташкилкунандагони маҳфил ва ҳозирин баён намуд. Донишҷӯёни коллеҷ аз ашъори шоира шеърҳо қироат намуданд.

Қисмати фарҳангии маҳфил бо ҳунарнамоии сарояндагон Сироҷиддин Худоймерганов ва Давлатманд Қутфиддинов рангинтар гашт. Дар анҷом ба иштирокчиёни фаъол ҳадяҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *