Санаи 26 декабри соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии омӯзишии «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар кори маҳфил муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Абдуҷамил Абдуллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров, муовини директор оид ба тарбияи коллеҷ Муталиб Маҳмудзода ва аъзои фаъоли маҳфил иштирок намуданд.

Маҳфили омӯзишӣ ба мавзӯи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон» бахшида шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ дар миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.

Зимни баромади худ муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сураҷ Чоршанбезода таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди давлату ҷомеаро муайян намуда, барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти бузург дорад. Ӯ ҷавононро ба омӯзиши амиқи муҳтавои Паём, саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват намуд.

Ҳамчунин намояндагони соҳаи кор бо ҷавонон вобаста ба нақши муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандии донишҷӯён ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки маҳфили «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» ҳамчун минбари муҳими тарбиявӣ дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон нақши муассир дорад.

Дар ҷараёни маҳфил аъзои он бо маърӯза ва андешаҳои худ баромад намуда, доир ба аҳамияти Паёми Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар табодули афкор анҷом доданд.
Чорабинӣ дар фазои созанда ва омӯзанда баргузор гардида, бори дигар аҳамияти татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ бозгӯ намуд.