Ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» чорабинии тантанавии адабӣ-фарҳангӣ бо иштироки омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабинӣ дар фазои самимиву идона ҷараён гирифта, нахуст директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик намуд. Мавсуф дар суханронии худ зикр кард, ки таҷлили ин ҷашни муборак дар оғози фасли зебои баҳор рамзи арҷгузорӣ ба бузургии зан – модар, эҳёи табиат ва идомаи зиндагии инсонӣ мебошад.

Қайд гардид, ки модар дар фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгари насли инсонӣ ва чароғи хонадон мақоми бисёр баланд дорад. Маҳз модар бо меҳру муҳаббати бекаронааш фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, барои ташаккули ҷомеаи солиму пешрафта замина мегузорад.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Бо шарофати ин сиёсати созанда имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолона саҳм гузошта, дар пешрафти кишвар нақши арзанда доранд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки бонувони омӯзгори коллеҷ дар баробари иҷрои вазифаи муқаддаси модарӣ дар тарбияи насли ояндаи омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба занону бонувони омӯзгор ва кормандони муассиса ҳамчун нишони эҳтиром ва қадршиносӣ тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.

Қисмати фарҳангии барнома бо иштироки донишҷӯён баргузор гардида, онҳо бо қироати шеърҳои васфкунандаи модар, сурудҳои дилнишин ва саҳначаҳои тарбиявӣ хотири ҳозиринро болида намуданд.

Чорабинии идона дар фазои гарму самимӣ анҷом ёфта, бозгӯи эҳтирому арҷгузории ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён нисбат ба модарону бонувон гардид.

