19 феврали соли 2026 дар толори маҷлиси Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Қувваҳои Мусаллаҳ — такягоҳи устувори давлат ва оромии ҳар хонадон» ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти муассиса, намояндаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки имрӯз мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот ва бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ин санаи муҳими таърихиро таҷлил менамоянд.
Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими давлатдории миллӣ шинохта мешаванд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба зиммаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои басо масъул вогузор гардида буд, ки аз иҷрои босамари онҳо сарнавишти давлат ва тақдири миллат вобастагии мустақим дошт. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ва норасоии заминаҳои моддиву техникӣ дар солҳои аввали истиқлол, ҳайати шахсии Артиши миллӣ бо садоқат ва матонат рисолати таърихии худро иҷро намуда, барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини якпорчагии мамлакат саҳми арзанда гузоштанд.
Дар ҷараёни суханронӣ аз таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ шуд, ки хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳро ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватан арзёбӣ намудаанд. Қайд гардид, ки чунин баҳои баланд гувоҳи эътирофи хизматҳои шоёни афсарону сарбозони тоҷик мебошад.
Сипас майори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Солеҳҷон Самиев ба сухан баромада, доир ба марҳилаҳои таъсис ва рушду такомулёбии Артиши миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ӯ зикр кард, ки 18 декабри соли 1992 фармони таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба имзо расида, 23 феврали соли 1993 нахустин гузашти низомии афсарону сарбозон баргузор гардид, ки оғози марҳилаи нави таҳкими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ба сохтори муназзаму касбӣ табдил ёфта, масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Ҷавонон дар муассисаҳои ҳарбии ватаниву хориҷӣ таҳсил намуда, бо донишу малакаи муосир ба Ватан хизмат мекунанд. Ӯ донишҷӯёнро ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, омодагии ҷисмонӣ ва маънавӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор омӯзгорону кормандони мард ва донишҷӯ-писарони фаъол барои саҳми арзанда дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ватандӯстона сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Қисмати фарҳангии барнома рангоранг ва ҷолиб баргузор гардид. Донишҷӯён шеърҳо дар васфи ҳифзи марзу буми Ватан қироат намуда, саҳначаи тарбиявӣ вобаста ба маърифати ватандӯстӣ манзур карданд. Сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоб ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд гардониданд.
Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба ҳомиёни Ватан ҷамъбаст гардида, бори дигар аҳамияти тарбияи насли ҷавонро дар руҳияи садоқат ба давлату миллат инъикос намуд.




