
Санаи 7-уми феврали соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва кабудизоркунии кишвар шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шуд.

Дар ин ҳашари дастҷамъона ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни муассиса бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуда, дар тозаву озода кардани гирду атрофи биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва ҳудуди муассиса саҳми муносиб гузоштанд. Иштирокчиёни шанбегӣ ҷӯйборҳоро тоза намуда, заминҳои ҳудуди коллеҷро барои кишту кори баҳорӣ омода карданд ва дар гӯшаҳои алоҳидаи таълимгоҳ ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд.
Маъракаи ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву масъулиятшиносӣ мебошад.


Чунин тадбирҳои созандагӣ минбаъд низ ба таври мунтазам идома ёфта, барои фароҳам овардани муҳити сабзу хуррам ва зебову озода дар боргоҳи илму адаб заминаи мусоид фароҳам меорад.