
Санаи 5-уми феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷаласаи кушоди шурои олимони муассиса баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, аъзои шуро, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони муассиса иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки фаъолияти МДТ «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифагузориҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда шуда, ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи донишҷӯён ҳамчун насли ояндасози давлату миллат мебошад.

Мувофиқи рӯзномаи маҷлис, масъалаҳои муҳими марбут ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025, беҳдошти сатҳу сифати таълим дар факултетҳо, ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2025-2026, рафти иҷрои соатҳои таълимӣ ва фаъолияти тарбиявию илмӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун санади муҳими стратегӣ дар ташаккули идеологияи милливу давлатӣ ва тарбияи насли ояндасоз аҳамияти калидӣ дорад. Аъзои шуро вобаста ба натиҷаҳои таълимию методӣ ва илмию инноватсионии муассиса мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати мутобиқ намудани раванди таълим ба стандартҳои муосир ва таҳкими интизоми меҳнат ибрози назар карданд.

Дар хотимаи ҷаласа директори муассиса фаъолияти сохторҳои Коллеҷро дар нимсолаи аввал ҷамъбаст намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳои таълимӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот ва тақвияти корҳои илмию тарбиявӣ дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва вазифагузориҳои роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.





