
Санаи 4 феврали соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои фаъолияти тарбиявии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» донишҷӯёни ихтисоси информатика ва омӯзгорони кафедраи математика ва технологияи муосир аз Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Ҳадаф аз ташкили ин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва шиносоии амиқ бо ҳаёт ва фаъолияти илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии академик Бобоҷон Ғафуров буд.
Зимни боздид донишҷӯён бо осори илмӣ, дастхатҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, аксҳо ва маводҳои нодире, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти ин шахсияти барҷастаи миллат бахшида шудаанд, аз наздик шинос гардиданд. Роҳбаладони осорхона оид ба саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми таърих, фарҳанг ва давлатдории тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Чорабинӣ дар фазои маърифатӣ ва пурсамар баргузор гардида, барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ дар зеҳни донишҷӯён мусоидат намуд.