Маҳфили навбатии “Пайравони Пешвои миллат” дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 148-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар фазои илмӣ ва маърифатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ҳамзамон ба муносибати «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон буд.
Маҳфил дар доираи омӯзиш ва тарғиби асари пурарзиши Пешвои муаззами миллат «Чеҳраҳои мондагор» доир гардида, дар он омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Каримзода Моҳира Эҳсон бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуд.

Зимни суханронии худ номбурда ба муҳимтарин хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар роҳи эҳёи худшиносии миллӣ, рушди адабиёти муосири тоҷик ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ҳамзамон, нақши арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ва гиромидошти мероси илмиву адабии устод Айнӣ, махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ, таъкид гардид.

Қайд карда шуд, ки устод Айнӣ ҳамчун муаррихи дақиқназар, адиби нуктасанҷ ва шахсияти худогоҳ ҳамеша ба ҳифзи ҳақиқати таърихӣ ва инъикоси воқеияти замон аҳамияти ҷиддӣ медод. Ӯ дар эҷодиёти худ манфиати умумиро болотар аз манфиати шахсӣ дониста, бо эҳсоси баланди масъулият дар назди таърих ва ҷомеа қалам ба даст гирифтааст. Маҳз ҳамин мавқеи устувор боис гардид, ки осори ӯ имрӯз низ аҳамияти бузурги тарбиявию маърифатӣ дошта, барои наслҳои оянда манбаи боэътимоди дониш ва ибрат боқӣ мондааст.

Дар рафти маҳфил иқтибос аз андешаҳои ватандӯстонаи устод Айнӣ низ садо дод, ки дар он муҳаббат ба Ватан ҳамчун арзиши олӣ ва муқаддас таъкид мегардад. Ин андешаҳо дар шароити кунунӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон аҳамияти хоса доранд.
Таъкид гардид, ки осори ҷовидонаи устод Садриддин Айнӣ дорои маълумоти фаровон ва арзишманде мебошад, ки метавон дар марҳилаҳои гуногуни рушду бозсозии ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз онҳо васеъ истифода бурд.
Дар қисмати дуюми маҳфил байни иштирокдорон табодули афкор доир гардида, донишҷӯён перомуни нақши адабиёт дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, масъалаҳои худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳми шахсиятҳои барҷаста дар рушди ҷомеа андешаҳои худро баён намуданд.

Чорабинӣ дар руҳияи баланд, эҳсоси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар собит намуд, ки омӯзиш ва тарғиби осори бузургон, бахусус устод Айнӣ, дар тарбияи насли худогоҳу ватандӯст нақши калидӣ дорад.