Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ: «ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН»

Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (2020–2040), «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025–2030) ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи илмию амалӣ ба кори худ оғоз бахшид.

Конференсияи мазкур таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва марҳилаҳои ташаккули давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардида, ҳамчун минбари муҳими мубодилаи афкори илмӣ ва таҳлили равандҳои муҳими таърихию иҷтимоӣ хизмат намуд. Дар рафти чорабинӣ маърӯзаҳои дорои аҳамияти баланди илмӣ ва амалӣ пешниҳод гардида, масъалаҳои калидии рушди илму маориф, фарҳанги миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди илм ва фарҳанги миллӣ» суханронӣ намуда, нақши сиёсати маорифпарварона ва фарҳангдӯстонаи роҳбарияти олии кишварро ҳамчун омили муайянкунандаи пешрафти устувори ҷомеа мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамзамон, номзади илмҳои таърих, омӯзгори калони кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ Юсуф Бобоев дар мавзӯи «“Қонуни Масъудӣ”-и Абурайҳони Берунӣ ва аҳаммияти омӯзиши он барои тавсеаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баромад намуда, аҳамияти мероси илмии мутафаккирони шарқро дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии муосир таъкид намуд.

Дар идомаи конференсия, омӯзгори калони кафедраи фанҳои табиӣ Қутфулло Зикруллозода бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он» ба масъалаҳои мубрами экологӣ ва зарурати ҳифзи захираҳои обӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд. Ҳамчунин, омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар мавзӯи «“Шоҳнома” – шиносномаи забони миллат» суханронӣ намуда, нақши ин асари безаволи адабӣ дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва забони давлатӣ мавриди таҳлил қарор дод. Дар ҳамин замина, омӯзгори кафедраи математика ва технологияи муосир Зебо Юсупова дар мавзӯи «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баромад намуда, аҳамияти технологияҳои муосир ва рақамикунонии иқтисодиётро ҳамчун омили асосии рақобатпазирии миллӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни конференсия таъкид гардид, ки воқеиятҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ ба таври равшан собит месозанд, ки рушди устувори давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳи ташаккули низоми илму маориф, дараҷаи саводнокӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги маънавии ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Дар ин замина, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳамчун меҳвари асосии давлатсозии муосир арзёбӣ гардида, татбиқи он боиси таҳаввулоти амиқи сохторӣ ва мазмунӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот гардидааст.

Бо истинод ба нуктаҳои ироагардидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) зикр карда шуд, ки маблағгузории соҳаи маориф сол аз сол афзоиш ёфта, барои соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда далели возеҳи таваҷҷуҳи доимии давлат ба рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими пояҳои зеҳнии ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» ҳамчун василаи муассири дарёфти истеъдодҳо ва густариши фарҳанги мутолиа баҳои баланд дода шуд. Қайд гардид, ки ин иқдомҳо дар заминаи рушди тафаккури эҷодӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва худшиносии миллӣ нақши калидӣ мебозанд.

Дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди инфрасохтори фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки фарҳанг ва таърих ҳамчун пояҳои асосии ҳувияти миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошанд.

Дар анҷоми конференсия зикр гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар татбиқи амалии сиёсати давлатӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос нақши ҳалкунанда доранд. Таъкид шуд, ки танҳо тавассути саъю кӯшиши муштарак, истифодаи самараноки имкониятҳои зеҳнӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир метавон ба рушди устувори илму маориф ва таҳкими худшиносии миллӣ ноил гардид.

Конференсия дар фазои илмии созанда ва мубоҳисавӣ баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди тафаккури таҳлилӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *