Санаи 7-уми майи соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба ифтихори 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии сатҳи баланди сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши бошукуҳ директори Коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода, собиқадори ҷанги Афғонистон Маҳмуд Зиёбоев, собиқадори соҳаи телевизион ва радио Саидкамол Набиев, инчунин ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса, дотсент Рухсора Давлатзода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи сарнавиштсоз ва таърихӣ табрику таҳният гуфт. Мавсуф зимни суханронии пурмуҳтавои хеш иброз дошт:
«Имрӯз мо дар фазои ифтихору эҳтироми амиқ нисбат ба таърихи пурифтихори миллат гирд омадаем, то аз ҷасорату қаҳрамонӣ ва матонату фидокории фарзандони далери Ватан ёдовар шавем. Рӯзи Ғалаба танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи пирӯзии адолат бар зулм, нур бар зулмат ва ватандӯстии беназири ниёгони мост, ки хотираи неки онҳо дар саҳифаҳои таърих ҷовидон хоҳад монд».
Дар ҷараёни маърӯзаи хеш, роҳбари муассиса таъкид намуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун фоҷиабортарин низоъ дар таърихи башарият миллионҳо инсонро ба коми марг кашида, суботи сайёраро зери хатар гузошт. Дар ин набарди сангин фарзандони фарзонаи Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқати бепоён ба арзишҳои инсонпарварӣ саҳми босазо гузоштанд. Зикр гардид, ки беш аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ба фронт сафарбар гардида, ҳазорон нафари онҳо дар роҳи ҳифзи озодӣ ва сулҳи ҷаҳон ҷони худро нисор намуданд.

Мавсуф ҳамчунин аз нақши калидии ақибгоҳ ёдовар шуда, қайд кард, ки занону кӯдакон ва пиронсолони тоҷик бо таҳаммули мушкилоти сангини иқтисодӣ ва заҳмати шабонарӯзӣ, масъулияти бузурги таъминоти фронтро бар дӯш доштанд, ки ин корнамоӣ худ намунаи олии ватандӯстист.
Меҳмонони чорабинӣ дар баромадҳои худ ҷавононро ба шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, омӯхтани таърихи ниёгон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки имрӯз донишҷӯён ҳамчун ворисони арзандаи ин шуҷоатмандон бояд дар роҳи ободии Ватан ва илмомӯзӣ ҷаҳду талош намоянд.

Ҳамоиши мазкур бо намоиши барномаи фарҳангии донишҷӯён, ки тараннумгари сулҳ, ҷасорат ва эҳтиром ба собиқадорон буд, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид.
