Дата / время
Date(s) - 28.10.2025 - 01.11.2025
13:00 - 16:00
Категории Нет Категории

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии донишҷӯён, ҳифз ва эҳтироми арзишҳои конститутсионӣ ва бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро эълон менамояд.
Озмун аз санаи 28-уми октябр то 1 ноябри соли 2025 дар се давр байни донишҷӯёни коллеҷ гузаронида мешавад:
— Даври якум (кафедравӣ) — рӯзҳои 28-29 октябри соли 2025 дар кафедраҳо байни гурӯҳҳои академӣ.
— Даври дуюм (факултетӣ) – рӯзи 30 октябри соли 2025 дар факултетҳо байни ғолибони ҷойҳои якуми кафедраҳо дар факултетҳо.
— Даври сеюм (умумимуассисавӣ) – рӯзи 31 октябри соли 2025 байни ғолибони ҷойҳои якум ва дуюми аз факултетҳо.
Ғолибони озмун ва кураторони онҳо бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти коллеҷ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ғолиби ҷойи якум ба даври вилоятии Озмун, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 5-уми ноябри соли 2025 баргузор мегардад, роҳ меёбад.