21-уми ноябри соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ – нишони бақои давлат ва ҳувияти миллӣ» баргузор шуд. Дар ҳамоиш намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, олимону донишмандон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят ширкат варзиданд.

Директори коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр дошт, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таассуроти амиқи тантанаҳои ҷашни таърихии миллат – солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ҷашн гирифта мешавад.



Дар ин росто, бо мақсади рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, ифтитоҳ гардидани як қатор иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, бонк, мактабу кӯдакистонҳо, биноҳои маъмурии мақомоти Прокуратура дар шаҳри Истаравшан ва минтақаи озоди иқтисодии Суғд, роҳҳои мошингард бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, оғоз бахшидани корҳои сохтмонии лоиҳаҳои энергетикӣ, фаъол шудани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум дар шаҳри Гулистон, ифтитоҳи хатти тақсимоти оби нӯшокӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат моро боз ҳам руҳбаланд сохта, мулоқоти самимиашон бо роҳбарону фаъолони вилоят дастуру роҳнамо ба зиндагии босаодат ва дастовардҳои арзанда мебошад.
Зикр гардид, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар қабул гардида, соли 1994 дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ дарҷ шуд. Дар тӯли зиёда аз се даҳсола Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи пойдорӣ, нангу номус, ваҳдату асолати миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷойгоҳи устувор пайдо намуд.
Дар идомаи барнома котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ паёми табрикии Шӯрои вилоятиро ба шарафи ин иди миллӣ ба иштирокдорон ироа кард.

Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ислом Раҳимов бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Парчами давлатӣ — рамзи ҳувияти миллӣ» баромад намуд.

Номзади илмҳои таърих, дотсент Рустам Юлдошев низ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлати навини миллӣ» суханронӣ кард.

Донишҷӯи коллеҷ Мафтуна Ҳасанова дар мавзӯи «Пешвои миллат — ифтихори ҷавонон» баромад намуда, нақши омӯзанда ва нерубахши Пешвои миллатро дар худшиносӣ ва ҷаҳонбинии насли наврас мавриди таҳлил қарор дод.
Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун омили муттаҳидсоз, нерубахш ва ангезандаи ҳисси ватандӯстӣ хизмат кардааст. Қабули он дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ ба таҳкими сулҳу субот, эҳёи арзишҳои миллӣ ва болоравии ҳисси худшиносии ҷомеа мусоидат намуд. Парчами давлатӣ имрӯз барои ҳар як шаҳрванди худшиноси Тоҷикистон сарчашмаи ифтихор ва рамзи давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар идома маросими қадршиносии ғолибони озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ва озмуни «Иншои беҳтарин» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардид. Ба ғолибон диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.



Барномаи адабӣ-фарҳангии донишҷӯёни коллеҷ — шеъру таронаҳои ватандӯстона дар васфи Пешвои миллат, Парчами давлатӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол пешкаш карда шуда, чорабинӣ бо ифтихори баланди миллӣ ҳусни анҷом пазируфт.

