Суроға: ш.Хуҷанд кўчаи Репина 60

Тамос: 834225-40-92, 834225-46-51, 834225-23-44

cropped-logocollege-light

ҚАДРДОНИИ АЪЗОИ МАҲФИЛИ «ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

Дар доираи маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими қадрдонии як зумра ҷавонони фаъол — аъзои маҳфил баргузор гардид.

Дар маросими қадрдонӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода иштирок ва суханронӣ намуда, саҳми ҷавонони фаъолро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Зимни суханронии худ таъкид гардид, ки маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» ҳамчун заминаи муҳими тарбиявию маърифатӣ барои ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ хизмат мекунад. Ҳамзамон зикр шуд, ки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони фаъол яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар идома барои иштироки босамар дар фаъолияти маҳфил, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва саҳми арзанда дар баргузории чорабиниҳои омӯзишию тарбиявӣ як зумра ҷавонони фаъол аз ҷониби муовини Раиси Кумита Сураҷ Чоршанбезода бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Қадрдонии ҷавонон ҳамчун ифодаи эътирофи заҳмати онҳо дар роҳи тарғиби ғояҳои созанда, таҳкими худшиносии миллӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, ҷавонон ба идомаи фаъолияти пурсамар, такмили дониш, таҳкими мавқеи шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят карда шуданд.

Маросим дар фазои тантанавӣ ва руҳбаландкунанда баргузор гардида, барои боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *