Санаи 8-уми майи соли 2026 дар доираи таҷлили Рӯзи Ғалаба ҷомеаи меҳнатии МДТ «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода бар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд гулчанбар гузошта, хотираи ниёгони шуҷоъро, ки дар роҳи сулҳу озодии имрӯза ҷони худро нисор кардаанд, бо дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.

Ин иқдом рамзи садоқати насли имрӯз ба арзишҳои ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик мебошад.